«Coca-Cola» дар Тоҷикистон $30 млн. сармоягузорӣ мекунад
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо намояндагони ширкати машҳури «Coca-Cola», аз ҷумла бо президенти ширкатиа ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳусейн М. Акин, директори стратегия ва рушди тиҷорат Мелтем Метин ва директори намояндагии «Coca-Cola» дар Тоҷикистон Мустафо Матин мулоқот намуд.Раиси Кумита зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид шудани ширкати «Coca-Cola» ба иқтисодиёти мамлакат ва сармоягузории он ҳавасманд аст.Дар ин замина қайд шуд, ки Тоҷикистон шароити фазои мусоидро барои сармоягузорон фароҳам оварда, барои ҳама сармоягузорони дунё дарвозаҳои кушода эълон намудааст. Ҳусейн М. Акин зикр намуд, ки дар асл хеле навовариҳои зиёди мусбат дар ҷараёни рушди мамлакат ба назар мерасад ва алҳол фазои сармоягузории Тоҷикистон мусоид гашта, ислоҳоти навин босуръат татбиқ мегарданд. Ӯ зикр кард, ки то ҳол бозори Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Coca-Cola» мавриди омўзиш ва таҳлил қарор гирифта, замони ба бозори Тоҷикистон ворид шудани «Coca-Cola» расидааст. Дар баробари ин, ширкати «Coca-Cola» омодааст татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро оид ба истеҳсоли маҳсулоти худ дар Торҷикистон оғоз намуда, дар марҳилаҳои аввал ба андозаи 30 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кунад ва дар муддати 10 соли минбаъда ин нишондиҳанда 2 маротиба зиёд хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






