Дар Париж Иттиҳодияи дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон” таъсис ёфт
28 ноябри соли 2012 дар ш.Париж дар бинои Сенати Фаронса, Қасри Люксембург, бо дастгирии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Иттиҳодияи дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон” таъсис гардид. Сафири собиқи Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани якдилона Раиси иттиҳодия интихоб шуд.Иттиҳодия бо иштироки аъзоёни Сенат, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ва диаспораи тоҷик дар ин кишвар бунёд гардид. Ҳадафи иттиҳодия тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона байни Тоҷикистон ва Фаронса, хусусан дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, рушди робитаҳои фарҳангӣ, маорифӣ ва гуманитарӣ, таҳкиму татбиқи иқтидори туристиву сармоягузории ҳарду кишвар мебошад.Зимни вохӯрӣ самтҳои фаъолияти минбаъдаи Иттиҳодия муҳокима ва муайян карда шуданд.Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев тамоми аъзоёни иттиҳодияро бо ташкил гардидани ҷамъияти дӯстӣ, ҳамраъйӣ ва табодули фарҳангӣ байни халқҳои Тоҷикистону Фаронса табрику таҳният намуд. Ӯ таъкид сохт, ки ин омил ҷиҳати ба роҳ мондан ва тақвият додани робитаҳои зич дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкории мутақобилаи ду давлат қадами аввалин ва муҳим аст, инчунин кулли иштирокчиёнро ба мусоидати фаъол ба тавсеаи фаъолияти иттиҳодияи навтаъсис даъват кард.Пас аз ҷамъомади аввалини таъсискунандаи иттиҳодия филми мустанад зери унвони “Сири кули Қароқул” манзури ҳамагон гардид, ки он моҳи июни соли 2011 дар баландкӯҳҳои Помир аз ҷониби экспедитсияи байналмилалии иборат аз 5 олим, геологу астрономҳои фаронсавӣ, чех ва лаҳистонӣ ба навор гирифта шуда буд. Филм дар бораи таърихи ташаккул, хусусиятҳо ва омӯзиши минбаъдаи кратери баландкӯҳии зарбадори Қарокул, ки дар натиҷаи зарбаи метеорит ба замин тақрибан 10 миллион сол қабл ба вуҷуд омад, маълумот дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






