Дар тақвими идҳо боз як иди дигар илова шуд
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар тақвими ҷашнҳои кишвар як иди дигар зам мегардад. Тибқи тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», ҳамасола 25 январ дар кишвар ҳамчун Рўзи кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад. Масъалаи мазкурро аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябр дар ҷаласаи Шўро баррасӣ карданд. Аз Хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Шўро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» -ро муҳокима намуданд. Интизор меравад, ки бархе аз ин масъалаҳо 28 ноябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






