Дар вилояти Хатлон лоиҳаи нав таҳия гардид
Қӯрғонтеппа, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Лоиҳаи нави таҳиягардида дар вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки назорат аз болои ичрои корҳо пурзӯр гардад. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Талбак Хӯҷамардов иттилоъ дод, ҷиҳати татбиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба иҷрои «Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳо барои солҳои 2009-2016» тартиб дода шудааст. Ба иттилои манбаъ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони барномасози соҳаи иттилоотонию компютерӣ лоиҳаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, ҷорӣ намудани назорати иҷрои супоришҳоро дар мақомоти давлатӣ таҳия намуд. Ҳамзамон Т.Хӯҷамардов иттилоъ дод, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ба роҳ монда шуда, хароҷот тадриҷан кам ва вақт сарфа гардад, супоришҳо ба иҷрокунандагон сари вақт расонида шуда, муҳлати иҷрои онҳо назорат шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






