Дарёфти героин аз сокини Душанбе
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Зиёдулло Соҳибови 33- сола, сокини кӯчаи Титови шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир шудааст.Тавре ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи Зиёдулло Соҳибов 1 килою 978 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 банди «д» КҶ ҶТ нисбат ба З. Соҳибов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






