Дастаи “Хайр” — пирӯз шуд?
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Дар мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи «Хайр»-и Ваҳдат миёни ҳайати варзишгарон ғолибият ба даст овард. Футболбозони ҷавони дастаи “Хайр”, ки дар 24 бозӣ 63 имтиёз гирифтанд, бо медалҳои хурди тиллоӣ мукофотонида шуданд. Ба ҳайати ҷавонони дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ба даст овардани ҷойи дуввум ва 62 имтиёз медалҳои хурди нуқра дода мешавад. Бо 50 имтиёзӣ дастаҳои ҷавонони “Равшан”-и Кӯлоб ва “Энергетик»-и Душанбе ва бо назардошти натиҷаҳои ду бозӣ миёни ҳарду даста (3:0 ва 2:0) футболбозони ҷавони шаҳри Кӯлоб ҷойи севвумро соҳиб шуданд ва ба онҳо медалҳои хурди биринҷӣ супорида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






