Дастовардҳои педагогика аз манзари Иҷлосияи таърихӣ
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дастовардҳои педагогикаи навин дар партави истиқлол аз манзари Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти чунин унвон дар шаҳри Исфара ба ифтихори Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) дар хамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Ирина Каримова- президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иттилоъ дод. Дар конфронс профессорон Маҳмадулло Лутфуллоев, Файзулло Шарифзода, Сафар Сулаймонӣ ва Шавкатҷон Шарофов дар мавзуъҳои Дастовардҳои педагогикаи миллӣ ва мушкилоти маорифи Тоҷикистон», «Рушди педагогикаи миллӣ дар шароити имрўз», «Таҳқиқоти мушкилоти педагогикаи миллӣ дар шароити имрўза» «Таҳаввули таълиму тарбия дар мактаб дар солҳои истиқлол» табодули назар карданд. Зикр шуд, ки бори аввал дар кишвар муассисаи нави илмӣ – Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки рисолати он таъмини илмии муассисаҳои таълимӣ, таҳқиқи афкори педагогии ниёгон, омўзиши бумӣ (этнопедагогика), омўхтан ва паҳн намудани таҷрибаи судбахши муассисаҳои омўзишӣ мебошад. Дар натиҷаи фаъолиятҳои пажуҳиши педагогӣ иқдоми тоза ба вуҷуд омад ва дар бунёди тафаккур ва фалсафаи миллӣ китобҳо таълиф гардиданд. Таъкид гардид, ки тафаккури ҷомеа оид ба мактабу маориф тағйир ёфтааст. Зикр гардид, ки педагогика ба фанни муҳими кулли донишгоҳҳо табдил гардидааст. Дар муддати 20- соли истиқлоли кишвар педагогикаи тоҷик фарозу нишебҳоро паси сар намуд ва алҳол бунёди миллию истиқлоли он устувор гардидааст, ки метавон аз манзари истиқлол онро беҳтарин дастоварди миллии кишвар арзёбӣ кард. Ба сохтори таҳсилотӣ тағйироти куллӣ дохил гардида, дар таркиби муассисаҳои он шаклҳои нави таълимгоҳҳо- коллеҷ, литсей ва тахассусҳои нав ва дар таркиби таълимгоҳҳои олӣ бакалавр, магистр арзи вуҷуд намуданд.Дар охир ишора гардид, ки байни идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамкориҳои судманд таҳким меёбанд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






