Дастовардҳои ширкати FINKА дар Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2012 11:36

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии бинои нави идораи асосии ширкати FINKА дар Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки дар маросими ифтитоҳи бинои нави ширкати мазкур зикр шуд, дар ҳоли ҳозир ширкати молиявии байналмилалии FINKА дар Тоҷикистон барномаи ҳаҷман калонро ҷиҳати таҷдид ва дорои меъёри ягонаи идораҳои минтақавӣ гардонидани биноҳои намояндагиҳо ва афзун намудани намудҳои маҳсулоти пешбаришавандаро роҳандозӣ мекунад.Фаъолияти асосии ширкати FINKА иборат аз хидматрасонии молиявии соҳибкорони камдаромад ба манзури барпо намудани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мебошад.Ширкати FINKА беш аз 9 сол боз дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият дошта, сазовори боварии муштариён гардида, ба онҳо қарзҳои зиёде додааст. Алҳол дар ҷумҳурӣ 34 идораи ширкати мазкур фаъолият доранд, ки ба 26 ҳазор нафар муштариён хидмат мерасонанд.

Ноябрь 12, 2012 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид