Даъвати иҷлосияи дувоздаҳуми ММ МО ҶТ
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 13 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад. Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев 29 ноябр қарори марбутаро ба тасвиб расонд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллӣ иттилоъ доданд. Аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷараёни иҷлосия маҷмўи масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои иқтисодию, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз ҷумла, аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи экспертизаи зиддикорупсионии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро муҳокима ва ҷонибдорӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






