Даъвати тирамоҳии наваскарон ба 86 % расид
Дущанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 40 рӯз сипарӣ гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, то ин дам дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иҷрои нақша ба 86 % расидааст. Дар ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 83%, дар гарнизони ҳарбии Хатлон 93%, дар ВМКБ 100%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 79 % ва дар комиссариатҳои ҳарбии чаҳор навоҳии пойтахт 84%-ро ташкил медиҳад.Дар маҷмуъ, аз оғоз то ин дам наздики 30 комиссариати ҳарбӣ ва комиссияҳои давлатии даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ пурра гузориш додаанд, хабар дод манбаъ..








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






