Доираҳои тиҷоратии Фаронса ба Душанбе хоҳанд омад
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса баргузор мегардад, зикр шуд зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси шаҳри Душанбе ва Дидйе Леруаро –сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон. Тибқи иттилои котиби матуботии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ҷонибҳо ба тафоҳум расиданд, ки ширкатҳои фаронсавӣ минбаъд бо истифода аз имконоти фароҳамовардаи шаҳрдории Душанбе дар тендерҳои кушоди байналмилалӣ, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ эълон мешаванд, ширкат хоҳанд намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар зарфи 20 соли барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фаронса ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф –иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, инчунин дар чаҳорчўбаи ҳамкориҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш ёфтаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми табодули мол байни ду кишвар дар зарфи 8 моҳи соли равон беш аз 2,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






