Дурнамои пахта ба 101,4 фоиз баробар шуд
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Тибқи иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар майдони 199466 гектар кишти пахта сурат гирифт ва ҳосили он то аввали ноябр 401115 тоннаро ташкил дод. То санаи 12 ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 406775 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 101,4 фоизи дурнамо мебошад. Кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани обу ҳавои тирамоҳи имсола самаранок истифода карда, азм доранд, ки пахтаи дар саҳро бударо пурра ҷамъоварӣ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






