Душанбею Париж бародаршаҳр мешаванд?
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар оянда боз як бародаршаҳри Душанбе меафзояд. Ин навбат Париж- пойтахти Фаронса бо Душанбе –пойтахти Тоҷикистон паймони бародаршаҳрӣ бастанист. Ин нукта дар мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси шаҳри Душанбе ва Дидйе Леруаро –сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон матраҳ гардид.Таъкид шуд, ки тибқи тартиби маъмулӣ масъалаи бастани паймони бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Фаронса баррасӣ мегардад. Мусоҳибон дар радифи масъалаҳои матраҳшудаи тақвияти равобити ҳасана, инчунин роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳори назар намуданд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол Душанбе бо 14 шаҳри давлатҳои қораи Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо: Лусака /Замбия/, Санъо /Яман/, Монастир /Тунис/, Лоҳур /Покистон/, Клагенфурт /Австрия/, Боулдер /Амрико/, Ройтлинген /Олмон/, Мазори Шариф /Афғонистон/, Теҳрон, Шероз /Эрон/, Санкт-Петербург /Русия/, Минск /Белорус/, Урумчӣ /Чин/ ва Анқара /Туркия/ бародаршаҳр аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






