Э. Раҳмон: «Низоми дунявият интихоби огоҳонаи мардум буд»

Ноябрь 19, 2012 17:12

Хуҷанд, 19 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ). — “Тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷонибдори барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат буданд, оғози кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва қарорҳои онро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва умед доштанд, ки пас аз баргузории он дар кишвар сулҳу субот пойдор мегардад”, – иброз намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 20- умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Эмомалӣ Раҳмон омилҳои асосии якпорчагии давлат ва миллати тоҷикро аз ақли солим, азму иродаи ҷонибҳои мухолиф, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартар донистани манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гуруҳӣ хонда, баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳумро василаи муҳиме ҷиҳати хотима гузоштан ба беҳокимиятӣ ва раҳоӣ бахшидани миллат ва сарзамин аз вартаи ҳалокат унвон кард. Президент бо зикри афзалиятҳои низоми давлатдории демократӣ гуфт, баъзе аз нерӯҳои аз нигоҳи сиёсӣ бетаҷрибаи дохилӣ бинобар мутаассир гардидан аз мафкураи бегонагон ва зери идеологияи гуруҳҳои алоҳидаи хориҷӣ қарор доштан, бунёди давлати дорои идеологияи дигарро дастгирӣ намуданд. “Аммо ин нерӯҳо воқеиятеро ба назар нагирифтанд, ки низоми сиёсиву идеологии дар назар доштаи онҳо на ба шароити Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба анъаноту тафаккур ва мазҳаби мардуми кишвар ва на ба хусусияти равандҳои сиёсиву геополитикӣ ҳеҷ гуна созгорӣ надошт” – иброз намуд Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат дар фароварди суханронии худ бо таваҷҷуҳ ба аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иброз намуд, ки масъулияти шаҳрвандии хешро дар назди халқу Ватан амиқ эҳсос намуда, дар рушду пешрафти кишвар ва раванди созандагии он фаъолона саҳм гузоранд, зеро ба қавли Президент: “Сарфи назар аз ақидаҳои гуногунамон ҳамаи мо фарзанди Тоҷикистон ва соҳибватан ҳастем ва вазифадорем, ки ин неъмати худододро гиромӣ дорем ва азизу муқаддас шуморем”.

Ноябрь 19, 2012 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад