Эмомалӣ Раҳмон: «Навсозии мактаб – интернат – кори хайру савоб»
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ)- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити мактаб – интернат барои кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ аз хобгоҳ, утоқҳои компютерӣ, синфхонаи забономӯзӣ, толори варзишӣ ва ошхонаи он дидан намуд. Тавре ки маълум гардид, хобгоҳи он дар шафати худи мактаб – интернат ҷойгир буда, дорои катҳои хоби бароҳат ва тамоми шароити зист мебошад. Зимни боздиди Сарвари давлат аз утоқи компютерии ин таълимгоҳ аён гашт, ки аксари толибилмони ношунаво аз асосҳои фанни информатика ба хубӣ огоҳ буда, метавонанд мустақилона бо барномаҳои компютерӣ сарукор гиранд. Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, то ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани дониши илмӣ ва техникии хонандагон тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар мактаб – интернати ношунавоён дар баробари забони тоҷикӣ омӯзиши забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст ва муҳассилини он бо забони русӣ хондаву навишта метавонанд. Сарвари давлат ҳини боздид аз толори варзишии мактаб – интернат дастур дод, то ҳарчи зудтар толорро бо тамоми таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз намоянд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба таббохони ошхонаи мактаб – интернат тавсия дод, то ки ба таъмини хонандагон бо хӯрокҳои серғизо ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд. Барои сафарбар намудани хонандагон ба сайру саёҳат Сарвари давлат супориш дод, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар як адад автобус харидорӣ ва ба мактаб – интернат ҳадя карда шавад. Ҳамчунин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гӯшаи эҷодии хонандагони мактаб – интернат боздид намуд. Тавре ки маълум гашт, толибилмон дар баробари таҳсил ба дӯзандагиву бофандагӣ, сартарошиву кандакорӣ ва дигар корҳои муфид шуғл доранд. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи мактаб – интернат бо хонандагон мулоқот намуда, дар суханронии худ таъмир ва навсозии мактаб – интернатро кори хайру эҳсон ва ҳадяи арзандае дар арафаи 20- умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар унвон кард ва хонандагонро ба худшиносиву меҳандӯстӣ ва омӯзишу касби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят намуд. Мавриди зикр аст, ки мактаб – интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ тақрибан 2 гектар масоҳат дошта, барои таҷдид ва навсозии он аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ситора трейдинг» маблағгузорӣ шудааст.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






