Форуми 16 ҷамъияти дўстӣ дар Душанбе
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ).-Имруз дар шаҳри Душанбе Форуми Ҷамъиятҳои дӯстӣ ва анҷуманҳои миллӣ таҳти унвони “Дӯстии бидуни марз” баргузор гардид, ки он бо ибтикори раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Намояндагии «Россотрудничество» дар ҶТ роҳандозӣ шуд. Талъат Нигорова муовини раҳбари ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар суҳбат бо ҳабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, дар давоми 25 соли ахир, яъне пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ дар алоҳидагӣ фаъолият мекард ва аз сабаби он ки ин ҷамъият яке аз бахшҳои бузурги Созмони «Россотрудничество» ба ҳисоб мерафт, тасмим дорад дубора фаъолияташро бо ин созмон беҳтару наздиктар ба роҳ монад. Номбурад ҳамчунин гуфт: «Мо дар якҷоягӣ кор мекунем ва кушиш дорем бо дигар ҷамъиятҳои дустии собиқ кишварҳои Шуравӣ ки робитаи наздик дошта бошем. Чунин форумҳо робитаҳои фарҳангии чамъиятҳоро беҳтар мекунад». Талъат Нигорова мақсад аз баргузории форуми мазкурро роҳи асосии таҳкими дустии мардуми тоҷик бо миллатҳои дигари муқими Тоҷикистон ва хориҷи кишвар унвон кард. Ба гуфтаи у, раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон тасмим дорад робитаҳои фарҳангии Тоҷикистонро тавассути чорабиниҳои фархангиву илмӣ ва маърифатӣ ба роҳ монад. Зимнан, Форуми 16 ҷамъияти дўстӣ бо кишварҳои алоҳида (аз ҷумла ҷамъиятҳои дўстии «Тоҷикистон — Русия», «Тоҷикистон-Олмон», Тоҷикистон — Эрон»), ки дар доираи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва марказҳои фарҳангии иттиҳодияҳо ва ҷамъиятҳои миллӣ ки бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Маркази илмию фарҳангии Русия ҳамкории зич доранд, давоми мантиқии фаъолияти шариконаи ду ташкилоти ҳаммонанданд, ки мақсаду вазифаи ягона доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






