Форуми «Дӯстии безавол»
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо ибтикори намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе форуми ҷамъиятҳои дӯстӣ ва иттиҳодияҳои миллӣ таҳти унвони «Дӯстии безавол» бахшида ба 20 – солагии иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ҷамъомад чорабинии муҳиме дар амри таҳким бахшидани равобити гуманитарию фарҳангӣ, ҳамфикрӣ ва дӯстии байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ҳошияи форум маросими муаррифии шумораи навбатии маҷаллаи «Дӯстӣ» баргузор гардида, фаъолони ҷамъияти дӯстӣ, ходимони илму фарҳанг, ки ба густариши дӯстӣ ва равобити фарҳангии байни халқу кишварҳо саҳми назаррас гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






