Фурӯши ангишт- 400 ҳазор тонна
Душанбе, 5 ноябр . (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Корхонаҳои соҳаи ангишт дар ҷамъбасти 10 моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангиштро дар ҷумҳурӣ ба 371, 5 ҳазор тонна расониданд, ки ин нисбат ба соли 1991, 62,5 ҳазор тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 157,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 309 ҳазор тонна ангишт дар як сол истихроҷ гардида буд.Фурӯши ангишт бо назардошти бақияи солҳои пешин дар якҷоягӣ бо воридот дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 180,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.Фурӯши ангишт дар давраи ҳисоботӣ, махсусан аз ҳисоби сард омадани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва афзоиши талаботи корхонаҳои саноатӣ зиёд шуд.Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда 34 ҳазор тоннаро ташкил дода, муштариён метавонанд аз ин нуқтаҳо ва анборҳо ангишт харанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






