Фурудгоҳ: ҳоҷиёнро бе мушкил аз расмиёт гузаронидем!
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ). -Субҳи имрӯз аввалин ҳавопаймои ҳоҷиён пас аз зиёрати хонаи Худо ба Душанбе фуруд омад. Ба ин хотир дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» маросими қабули ҳоҷиён баргузор шуд. Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии ин ниҳод гуфт: «Ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои бозгашти ҳоҷиён аз ҷониби мақомоти марбута дар кутоҳтарин муҳлат анҷом ёфта, гирифтани бағоҷ ва бурунравӣ аз ҳудуди фурудгоҳ низ мутобиқи вақти муайяншуда анҷом ёфт». Дар парвози аввал 182 нафар ҳоҷӣ бо ҳавопаймои Боинг-737-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ватан баргаштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






