Футболбозони тоҷик дар Теҳрон

Ноябрь 5, 2012 15:05

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Футболбозони тоҷик барои иштирок дар сабқати дӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд.Ин сабқат 6-уми ноябр дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон баргузор мегардад.Тавре ки зикр намуданд, дар ин сабқат сармураббии тими миллии Тоҷикистон Никола Кавазович аз панҷ дастаи кишвар бозингарони беҳтаринро интихоб намуда, дар умум 13 бозингар аз дастаи «Истиқлол», шаш бозингар аз «Регар-ТадАЗ», се нафар аз «Вахш» ва як нафарӣ аз «Истаравшан»-у «Энергетик» ширкат меварзанд.Федератсияи футбол афзуд, ки ин бозӣ марҳилаи омодагӣ ба даври чоруми мусобиқаи интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2014 маҳсуб мешавад.

Ноябрь 5, 2012 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш