Гармхона ва пастравии нархи маҳсулот
Ҳамадонӣ, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дилбастагӣ ба замин сокини ҷамоати деҳоти «Калинин»- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Файзимад Раҷабовро водор намуд, ки як гармхона бунёд намояд, то дар фасли зимистону баҳор ҳамдеҳагон ва бозори ноҳияро бо сабзавоти тару тоза таъмин созад. Гармхонаи Файзимад Раҷабов майдони шаш садяк заминро ташкил медиҳад ва ӯ дар он пайваста бо фарзандонаш заҳмат мекашад. Агарчи гармхона дар оғози соли ҷорӣ сохта шудааст, аз ҳисоби истифодаи самараноки он дар як мавсим ду маротиба ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд. Шумораи чунин гармхонаҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҳамадонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон кам нест ва иловатан раёсати кишоварзии ноҳия бунёди боз чор гармхонаи дигарро ба нақша гирифтааст, ки бешак фаъолияти пурсамари онҳо ба пастравии нархи сабзавот дар фасли зимистон мусоидат хоҳад намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






