Гуфтушуниди дуҷониба
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Рӯзҳои 28-29 ноябри соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ барпо мешаванд. Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Федеролии Олмонро ҷаноби Андреас Гис, сардори раёсати «Сиёсати ҳамкорӣ бо Осиё ва Шарқи Наздик, Ҷануб Шарқ ва Шарқи Аврупо»-и Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ба зимма доранд. Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон Дорис Ҳертрампф ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Сайдраҳмон Назриев дар назди иштирокчиёни ҳамоиш сухан гуфтанд. Ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни ҶТ ва ҶФО қайд намуда, изҳор доштанд, ки бо анҷомёбии муваффақонаи ин гуфтушуниди байниҳукуматӣ он боз ҳам фаъолтар хоҳад гардид. Ҳарду ҷониб иброз намуданд, ки самти асосии ҳамкориҳо дар оянда хамоно рушди устувори иқтисодӣ боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон соҳаҳои тандурустӣ , бахши қарздиҳии хурд, энергетика, омӯзиши касбию техникӣ, экология ва рушди инноватсионӣ мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон бо мақсади рушд дар татбиқи «Стратегияи миллии рушди ЧТ дар давраи то соли 2015» ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012» саҳм мегузоранд. Ҷониби Олмон идома додани ин равандро барои солҳои 2013-2015 маъқул шуморид, ки он минъбад чун «Стратегияи баланбардории некӯаҳволии мардуми ҶТ» номида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






