Хатсайри нави «Хуҷанд – Маскав»
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Роҳи оҳани Тоҷикистон хатсайри нави мусофирбари «Хуҷанд – Маскав» — ро кушод. Тавре ки аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хатсайри нави «Хуҷанд – Маскав» то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, баъд аз ин фаъолияти минбаъдаи он таҷлили назар мешавад. Сабаб он аст, ки бинобар ҳар сол моҳи январ коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирон, талабот ба қатора кам мешавад. Хотирнишон месозем, ки қатораҳо дар хатсайри «Хуҷанд – Маскав» ҳафтае ду маротиба ҳаракат мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






