ХБА ҷонибдори рушди иқтисодии Тоҷикистон
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- «Мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масоили дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ ва инчунин рушди иқтисодии Тоҷикистон сӯҳбат доштем»- иброз дошт директори Департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад пас мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Масъуд Аҳмад ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар чанд соли охир баҳои баланд дода, зикр кард, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамеша ҷонибдори тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст ва дар ин самт аз рӯи тавофуқоти ҳар ду ҷониб барномаҳое рӯи кор омадаву татбиқ мегарданд. Чун Барномаи муштараки Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи механизми васеи қарзӣ муваффақона ба итмом расид, аз ин рӯ Масъуд Аҳмад ҷиҳати таҳия ва қабули барномаи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ба андешаи номбурда, рушди сармоя хусусӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамин замина фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар самти тавсеаи минбаъдаи иқтисоди миллӣ нақши муассир хоҳад дошт. Ҳамчунин дар назар аст, ки Масъуд Аҳмад бо ҳайати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






