Хусусиятҳои фарқкунандаи буҷаи кишвар
Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» афзалиятҳои муҳими давлатӣ, бахусус таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ба инобат гирифта шудааст, зикр шуд дар ҷаласаи васеи Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони кишвар, ки 9 ноябр таҳти раёсати Амиршо Миралиев- муовини раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд, роҷеъ ба хусусиятҳои муҳим ва фарқкунандаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» табодули назар карданд. Зикр шуд, ки тафовути қонуни буҷет барои соли 2013 аз солҳои пешин дар он аст, ки буҷети соли равон дар заминаи «Буҷети давлатии миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» таҳия гардида, ислоҳоти куллии соҳаи андозбандии кишварамонро, ки бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ба миён омада буд, пурра ифода карда метавонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






