Иҷлосияи 16-ум ва насли имрӯз

Ноябрь 13, 2012 15:30

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Имрӯз дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факулта конфронси илмиву оммавӣ баргузор гардид. Сайфиддин Назарзода, декани факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо бо суханронии муқаддимавии худ дар мавриди Иҷлосияи 16-ум ва нақши он дар таҳкими амнияту суботи сартосарии кишвар конфронсро оғоз бахшид.  Ҳамчунин дар конфронс аз ҷониби устодони факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо маърӯзаҳо дар мавзуоти «Иҷлосияи 16-ум – Иҷлосияи тақдирсоз», «Иҷлосияи 16-ум ва нақши он дар рушди ҷомеа», «Иҷлосияи 16-ум ва насли имрӯз», «Иҷлосияи 16-ум ва масоили сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон» пешниҳоди ҳозирин гардид. Дар конфронс маърӯзаҳое, ки аз ҷониби устодони факулта Зайдулло Мусайямов ва Зарина Раҳматуллоева пешниҳод гардиданд, беҳтарин маърӯзаҳо дониста шуданд.

Ноябрь 13, 2012 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид