Иҷлосияи тақдирсоз
Суғд, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Ҳодисаҳои номатлуби солҳои 90-уми асри гузашта дар кулли кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ заминаи зуҳури низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тағйироти сохти конститутсионӣ гардиданд. Кишвари Тоҷикистон низ аз ин низоъҳои иҷтимоӣ орӣ набуд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳазорон ҳамватанони моро ба коми хеш фурӯ бурд ва ба якпорчагиву муттаҳадии халҳҳо рахна зад. Маҳз Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд заминаи таҳкими ваҳдати миллиро дар саросари кишвар фароҳам овард. Имрӯз аз ин ҳодисаи таърихӣ 20 сол мегузарад.Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ дар факултаи №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2012 конфронси илмию назарӣ ба муносибати 20 – солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Понздаҳ рӯзе, ки оламро дар ҳайрат гузошт», баргузор гардид. Дар конфронс ширкаткунандагони Иҷлосияи тақдирсоз, муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ дар рӯзҳои Иҷлосия ва ҳайати факулта ширкат варзиданд. Дар конфронс муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултаи №4, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Носир Назаров дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосия барои сарнавишти тоҷикистониён маърӯза кард. Сипас сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назаров ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, дар бораи саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рӯзҳои таърихӣ маълумот дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» устоди Академияи ВКД, полковники милитсия Юсуфҷон Абдулатипов иттилоъ дод.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






