Иҷлосияи таърихӣ-роҳнамои ояндаи дурахшон

Ноябрь 15, 2012 17:38

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини раиси Кумита Ойихон Шарифова гуфт, ки оромиву осудагии имрўзаи мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба ин марҳала расидан нақши Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Р. Хайруллоев дар мавриди моҳияту манзалат, ҳамчунин қадр намудани дастовардҳои миллӣ, амсоли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Дар ҷамъомад зикр шуд, ки дар тўли 20 соли баъд аз баргузор гардидани иҷлосияи мазкур, мамлакат ба дастовардҳои зиёд ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрў ва нуфуз гардид.

Ноябрь 15, 2012 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад