«Иҷлосияи XVI ШО ҶТ— ниҳоди гиреҳкушо»

Ноябрь 8, 2012 12:00

Душанбе, 08 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 10 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ бахшида ба 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Иҷлосияи тақдирсоз» доир мегардад. Дар кори конфронс роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, олимон, муҳаққиқон, намояндагони парлумони кишвар, ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва мактабҳои олии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд. Дар назар аст, ки атрофи мавзуъҳои «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — зерпояи бинои сулҳ дар Тоҷикистон», «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ», «Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳалаи ҳассоси Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ниҳоди гиреҳкушо дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат» ва «Истиқлолият ва ҷавонон» маърӯзаҳо шунида шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.

Ноябрь 8, 2012 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд