Иҷлосияи XVI-ум ва бунёди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2012 17:48

Душанбе, 2 ноябр.(АМИТ «Ховар». Зарангез Латифова).-8-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI-ум ва бунёди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар конфронс ҷанбаҳои мухталифи таҷрибаи 20-соли давлатдорӣ дар Тоҷикистон , аз ҷумла раванди барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ, нақши муҳим ва сарнавиштсози Сарвари давлат дар эҳё ва рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон , раванди бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ , дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат дар 20- соли баъд аз Иҷлосия , масъалаҳои таҳкими истиқлолият ва дурнамои рушди ояндаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ёдовар мешавем, ки конфронс дар ду бахш гузаронида шуда, иштироккунандагон дар мавзуъҳои гуногун сухан мегӯянд. Аз ҷумла, иштироккунандаи Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Маҳмадов дар мавзӯи «Иҷлосияи наҷоти миллӣ», ,дар мавзӯи «Рушди босуботи вилояти Суғд : аз Иҷлосия то имрӯз» муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов , муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов дар мавзӯи «Эҳёи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар мисоли вилояти Хатлон : аз Иҷлосия то имрӯз»,прокурори калони Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Нуров дар мавзӯи «Мақомоти прокуротураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20- соли баъди Иҷлосия» дар мавзуъҳои мухталиф сухан мегӯянд.

Ноябрь 2, 2012 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад