Ифтитоҳи бинои нави дармонгоҳ дар Душанбе
Душанбе, 20 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар дармонгоҳи муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе бинои нави дуошёнаи муоилиҷавӣ ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои Абдуфаттоҳ Шафиев -масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеаи намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон дар маросими кушоиши бино Президенти Ҷамъияти Хилоли Аҳмари Эрон Абулҳасан Фақеҳ ва котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов ширкат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дармонгоҳи мазкур соли 2002 ба фаъолият шуруъ карда буд ва дар шафати он бо назардошти тавсеаи хизматрасонии тиббӣ бинои нави дармонгоҳӣ бунёд шуд. Дар дармонгоҳ ба мизоҷон духтурону мутахассисони тоҷику эронӣ хизмати тиббӣ мерасонанд ва дар оянда теъдоди онхо афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон дар дармонгоҳи ҶҲА Тоҷикистону Эрон ба шахсоне, ки аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманданд, хизмати тиббии ройгон расонида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки бинои нави дуошёнаи дармонгоҳ дар доираи сафари роҳбарони ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои форсизабон- Фотима Гелонӣ аз Афғонистон ва Абулҳасан Фақеҳ аз Эрон ба Тоҷикистон ба истифода дода шуд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






