Ифтитоҳи Маркази фарҳангии амрикоӣ дар Қумсангир

Ноябрь 12, 2012 14:59

Душанбе, 12 ноябр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар омӯзишгоҳи касбию техникии ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон Маркази фарҳангии амрикоӣ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе, намояндагони ҳукумати ноҳияи Қумсангир ва роҳбарияти омӯзишгоҳи мазкур иштирок доштанд.  Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, Маркази фарҳангии амрикоӣ бо сарфи беш аз 13 ҳазор доллар аз ҷониби сафорати Амрико роҳандозӣ шуда, инчунин 5 компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Зимнан, Сафорати Амрико дар Душанбе шаш «Гӯшаи амрикоӣ»-ро боз кардааст ва тасмим дорад, то боз ду гӯшаи дигари фарҳангиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ кунад.

Ноябрь 12, 2012 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад