Ифтитоҳи Маркази фарҳангию фароғатӣ
Душанбе, 19 ноябр (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи чапи қасри фарҳангии Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигори зебову дилкаш дар болои чӯб, санг, гач ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Зиёфати расмӣ ва барномаи фарҳангии бошукӯҳи дигар ба ифтихори солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин бинои зебову муҳташам, ки намунаи волои санъати бостонӣ ва муосири меъмории миллати тамаддунофари тоҷик аст, баргузор гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба самараи ҳунари волои меъморону бунёдгарони ин чойхона баҳои баланд дода, ба онҳо арзи сипос кард ва ба роҳбарияти вилояти Суғд дастур дод, ки дар паҳлӯи рости қасри Арбоб як боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд намуда, ба мардум туҳфа намоянд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






