Имзои Ёддошти Тоҷикистону Австрия
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова бо директори минтақавии Палатаи федералии иқтисодии Австрия Ҳейнтс Валтер баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз фаъолияти палатаҳо, самтҳои имконпазири ҳамкорӣ, тарбияи кадрҳо барои бахши тиҷорат, иштирок дар ҳамоиши тоҷирон ва ташкили намоишгоҳҳо дар ҳудуди ҳар ду кишвар нақл карданд. Ҳамчунин масоили вусъат бахшидани фаъолияти суди ҳакамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Аз рӯи натиҷаи мулоқот тасмим гирифта шуд, ки Ёддошт дар бораи ҳамкории байни ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи федералии иқтисодии Австрия имзо карда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






