Интихоби кадрҳои лаёқатманд
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вақтҳои наздиктарин довталабонро барои ишғоли мансаб дар Корхонаи навтаъсиси воҳиди давлатии «Нархгузории амволи шаҳри Душанбе» интихоб менамояд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Назар ба хабари манбаъ, алҳол тавассути васоити ахбори омма озмун барои ишғоли ин мансаби холӣ эълон шудааст, ки он то 30 ноябри соли равон давом мекунад.Ба гуфтаи Шавкат Саидов, ҳангоми интихоби мутахассисон барои ишғоли мансаби холии корхонаи навтаъсис ба шахсоне имтиёз дода мешавад, ки таҳсилоти олӣ ва таҷрибаи кор дар бахши маблағу нархгузориро дошта бошанд. Ҳамаи довталабон метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои раёсати шаҳр муроҷиат кунанд. Натиҷаи озмун на дертар аз 5 декабри соли ҷорӣ эълон карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






