Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз 9 то 12 ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати сеюми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан баргузор гардид. Тавре ки сомонаи расмии вазорати ВКД- и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин мусобиқа бо дастгирии dазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз дастаи яккачини «Динамо»-и ВКД ҶТ таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» Аслиддин Шоев 6 нафар варзишгарон иштирок варзиданд. Дар мусобиқа 2 нафар динамочиён Акмалҷони Юсуфзода дар вазни 57 кило ва Айёмиддини Маҳмадраҷаб дар вазни 60 кило сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи муҳорибаи тан ба тани ҷаҳонӣ варзишгарони 28 кишвари дунё қувваозмоӣ кардан два Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди даставӣ ҷойи шашумро ишғол намуд. Ғолибони мусобиқа бо диплом, ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






