«Истиқлол» — сазовори медалҳои биринҷӣ
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Рӯзи якшанбеи 25 ноябр ҷоизи медалҳои биринҷии мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ маълум гардид. Футболбозони дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе, ки дар даври 23 – юми мусобиқот бо ҳисоби 5:0 бар дастаи «Энергетик» ғолиб омаданд, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. 29 ноябр дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» бо ҳам вомехӯранд. Дар сурати ғолиб омадани футболбозони шаҳри Кӯлоб, онҳо бори нахуст дар таърихи футболи Тоҷикистон сазовори медалҳои тилло мешаванд. Дар мавриди бо мусовӣ анҷом ёфтани ин вохӯрӣ ё мағлуб шудани дастаи «Равшан», дастаи «Регар – ТадАЗ» шаҳри Турсунзода қаҳрамони кишвар аз рӯи футбол мегардад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






