Истифодаи афзалиятҳои Стратегияи рушди миллӣ
Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» афзалиятҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба парлумони мамлакат, инчунин вазифаҳое, ки ба «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015»-ум нигаронида шудаанд, ба инобат гирифта шудааст. Матлаби мазкур зимни баррасии лоиҳаи қонуни буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 12 ноябр зикр гардид. Сафаралӣ Раҷабов- раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон зимни баррасии масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи Қонуни «Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2013» ҳамзамон афзалиятҳои «Стратегияи идораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018», Консепсияҳои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзию энергетика, сохтмони иншооти муҳими иҷтимоию давлатӣ ва дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифтааст. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» хусусияти иҷтимоӣ дошта, 6, 4 миллиард сомонӣ ба бахшҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Ҳаҷми буҷаи кишвар барои соли оянда 12,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷаи соли равон 2 миллиард сомонӣ зиёд аст. Интизор меравад, ки палатаи поёнии парлумони мамлакат нимаи дуюми моҳи ноябр лоиҳаи қонуни мазкурро баъди баррасӣ дар ҷаласаи худ қабул хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






