Кӯдакон ба ихтиёри модаркалон супорида шуданд

Ноябрь 2, 2012 10:53

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).–Ду шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хонаи кӯдакон қарор доштанд, бино ба мусоидату ёрии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ба ихтиёри модаркалонашон супорида шуданд.Чанде пеш, баъди фавти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилова Зарина Давроновна дар шаҳри Фрязинои вилояти Москва, ду фарзанди ӯ — Хадича (соли таваллудаш 05.05.2009) ва Зоира (соли таваллудаш 19.04.2010) бепарастор монданд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд,он ду кӯдак ба хонаи бачаҳои ш. Фрязино супорида шуда, мақомоти дахлдори маҳаллӣ, муроҷиату хоҳиши модаркалони онҳо – Мафтуна Абдуллоеваро дар иртибот ба ихтиёри ӯ вогузор кардани тарбияву парвариши онҳо, бо сабабҳои гуногун, кашол медоданд.

Ноябрь 2, 2012 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад