Кӯмаки навбатии Ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бахши мухобиротии сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2 миллион доллар кӯмак кард. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд, ин кӯмак, ки аз таҷҳизоти фаннӣ иборат аст, дар доираи «Лоиҳаи таҷҳизи бахши мухобиротии сохторҳои қудратии Тоҷикистон» ироа шудааст. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и пойтахт маросими имзои санад аз ҷониби Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар марҳилаи аввали лоиҳа 37 таҷҳизот ба бахши мухобиротии кишвар вогузор гардид ва дар назар аст, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми ин лоиҳа ба Тоҷикистон 58 адади дигар тақдим шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






