Китоби «Меъмори сулҳ» дар Брюссел

Ноябрь 15, 2012 16:32

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори намояндагии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел маросими муаррифии китоби «Меъмори сулҳ» баргузор гардид, ки он ба 20 – солагии Иҷлосияи ХУ1 таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақоми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар бахшида шудааст. Ин китоб моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ интишор гардид. Дар маросим намояндагони олимақоми Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои берунии Белгия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар Брюссел, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ҳамчунин кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев аз аҳамияти китоб ҳам барои хонандаи тоҷик ва ҳам барои хонандаи хориҷӣ нақл карда, мақоми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ташкили давлати соҳибихтиёру демократӣ ва дунявӣ, сулҳу суботи кишвар ва роҳандозии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ба таври махсус қайд намуд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 15, 2012 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад