Китоби сол-2012
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 20 ноябр то 20 декабри соли равон озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2012»- ро эълон менамояд. Дар озмун ҳамаи муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки китобҳояшон дар соли 2012 дар муассисаҳои нашриявииТоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд.Барои ғолибон дипломҳо ва мукофоти зерини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла барои ду китоби назм: дипломи дараҷаи аввал ва 1500 сомонӣ ва дипломи дараҷаи дуввум ва 1000 сомонӣ, барои ду китоби наср: дипломи дараҷаи аввал ва 1500 сомонӣ ва дипломи дараҷаи дуввум ва 1000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






