Коҳиши қурби миёнаи рубли русӣ ва евро
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тайи ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ тамоюли пастшавиро ба худ касб намуда, ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА ба қимати 4,8250-4,8430 сомонӣ хариду фурӯш мешуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯзҳо қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме паст фаромада, мувофиқан ба 0,1515-0,1525 ва 6,1680-6,2120 сомонӣ баробар шуданд. Бояд зикр намуд, ки 1 ноябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи доллари ИМА дар ҳудуди 4,8280-4,8440 сомонӣ қарор гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






