Конфронс дар мавзӯи ташкили ҷойҳои корӣ

Ноябрь 2, 2012 16:13

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Имрӯз, 2 ноябр, дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯзаи илмию амалии «Роҳҳои шуғли самарабахши захираҳои меҳнатии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ» оғоз ёфт. Дар конфронс кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Институти тадқиқоти илмии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ҳамчунин иқтисоддонҳо, олимон ва аспирантҳои донишгоҳҳои олӣ ширкат доранд.Муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Эмин Сангинов зимни суханрониаш зикр намуд, ки имсол барои маблағғузории бахши иҷтимоӣ 5 миллиарду 100 миллион сомонӣ сарф карда мешавад, ки 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷаи давлатиро ташкил дода, аз ҷумлаи он 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ барои музди меҳнат, нафақа ва кӯмакҳои дигар пешбинӣ шудааст.Иштирокдорони конфронс ҳамчунин масоили шуғли захираҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои индустриалии иқтисод, самарабахшии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва шартҳои муҳимтарини истифодаи судманди қувваи корро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ноябрь 2, 2012 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад