Конфронси «Созандагони Ватан» дар Бадахшон

Ноябрь 23, 2012 17:36

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Ба ибтикори намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ВМКБ конфронс ҷавонон дар мавзўи «Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон» доир гардид. Дар рафти он аз ҷониби ҷавонон, донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба мавзўоти «Мавқеи ҷавонон дар ҷомеа», «Саҳми ҲХДТ дар баланд бардоштани сатҳи маданияти ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар», «Парчам- шиносномаи давлат», «Дирафши мост, ҳизби халқ» ва дигар масъалаҳо баромад намуданд.Аз ҷумла, зикр гардид, ки воқеан ҳам Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, чунки дар ин иҷлосия дар баробари он, ки сулҳи тоҷикон ибтидо пайдо кард, ҳамчунин ба бунёди давлатдории навин заминаи мусоид гузошта шуд. Дар иҷлосия 24 ноябри соли 1992 Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва бо мақсади арҷ гузоштан ба парчами давлатӣ аввалин иқдоми Раиси Шўрои Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар назди Парчам таъзим кард ва онро бибўсид. Дар пайравӣ ба эшон инчунин, роҳбарони қувваҳои мухолиф низ Парчамро бўса намуда, ба ҳамдигар дасти оштӣ дароз карданд. Инак, 20 сол мешавад, ки дар осмони софи кишвари маҳбуби мо Парчами давлати соҳибистиқлоламон парафшонӣ дорад. Ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба 20 нафар чавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилоят , ки аъзои Маҷлиси умумии намояндагии «Созандагони Ватан» мебошанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардиданд. Инчунин барои марказҳои варзишии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз лавозимоти варзишӣ аз номи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» тақдим гардиданд.

Ноябрь 23, 2012 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад