Корҳои илмию селексионӣ дар соҳаи човодорӣ

Ноябрь 22, 2012 09:30

Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар натиҷаи корҳои илмию селексионӣ аз 488 сар насли сермаҳсули дурага дар хоҷагии зотпарварии ба номи Сафарови ноҳияи Балҷувон 124 сар зебуи қазоқӣ, 146 сар зебуи қалмиқӣ, 119 сар зебуи абердинӣ ва аз насли дурагаи маҳаллӣ 98 сар зебуи тоҷикӣ ба даст оварда шудааст,-иттилло доданд аз Пажуҳишгоҳи чорводорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».  Тавассути корҳои селексионӣ муайян гардид, ки маҳсулнокии насли дурага нисбат ба ҷинси модариашон 26 фоиз зиёд аст. Аз ин рӯ, олимони селексионер аз ҳисоби ҷинси нави дурага озмоишгоҳи говҳои сергӯштро таъсис доданд. Олимони пажуҳишгоҳ ҳамчунин аз 637 сар қутосҳои зотии таҳти назоратдошта 131 сар насли аз ҷиҳати ирсӣ беҳтарро ба даст оварданд.Дар гурӯҳҳои селексионии говҳои зоти сиёҳало, ки насли аз онҳо гирифташуда дурагаи зоти голштинӣ мебошанд, дар 305 рӯз ҳар яки он беш аз 5 ҳазору 600 кг шир дӯшида шуд, ки нисбат ба зоти модариашон 250-300 кг шир зиёд аст.Самараи фаъолияти олимони Пажуҳишгоҳи чорводорӣ сол то сол беҳтар гардида, миёни дигар пажуҳишгарони соҳаи чорводории ИДМ ба дастовардҳои беҳтар ноил гардидаанд.

Ноябрь 22, 2012 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад