Кордзанӣ дар ҳолати мадҳушӣ

Ноябрь 5, 2012 15:51

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Достонзода).- Аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳо дохилии ноҳияи Турсунзода, сокини деҳаи Боботоғи ҳамин ноҳия Саидакбар Ғаниеви 47 сола ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, номбурда рӯзи 2 октябри соли равон дар маҳаллаи 5-уми ноҳияи мазкур дар ҳолати мадҳушӣ бо корди дар дасташ буда ба қафаси синаи Давлатов Дилшоди 31- сола, сокини деҳаи Асбоб мезанад, ки дар натиҷа шаҳрванд Д. Давлатов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат мерасад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ноябрь 5, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш