Корномаи ҷарроҳи тоҷик дар Яман

Ноябрь 2, 2012 16:11

Гузориши рўзноманигор Муҳаммад РаъавӣИқтибос аз рўзномаи ямании («ас-Савра»), 12 июли 2012 http://www.althawra.net/portal/print.php?id=17129Табибони шифохонаи «ан-Нур» дар вилояти Ибби Ҷумҳурии Яман ба барқарор кардани соқи кўдаке, ки бар асари садамаи автомобилии даҳшатнок соқи пояш тамоман аз бадан канда шуда буд, комёб шуданд.Рўзноманигори «ас-Савра» баъди шунидани ин хабар ба шифохона раҳсипор шуд, то аз тафсилоти нодиртарин амалияи ҷарроҳии зироати (плантатсияи) соқ ва ҳолати кўдак огоҳ шавад.Дар оғоз бо доктор Мирзошариф Одинаев, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва мутахассиси варзидаи рагҳои хунгард ва ҷарроҳии дақиқ (микрохирургия) ба шумор меравад, вохўрдем. Ў ба мо чунин нақл кард:»Он рўз дар шифохонаи ас-Савра дар вилояти Ибб навбатдор будам. Ба шифохона ногоҳ кўдаки 10-солаеро оварданд, ки ба садамаи автомобилии даҳшатнок афтода, соқи пояшро тамоман маҳрум шуда буд. Ҳолати кўдак дар натиҷаи хунравии зиёд ниҳоят вазнин буд ва табибони шифохона илоҷи кўмак ба вайро надоштанд. Дар ҳол кўдакро қабул карда, ба ў ёрии аввалини тиббӣ расонидам, сипас баъди муоянаи соқи бурида ба хулоса омадам, ки умед ба барқарор кардани ин соқи бурида ҳаст. Ба мудири шифохонаи ан-Нур д-р Абдунносир Раббоҳӣ тамос гирифта, розигии ўро барои иҷрои амалияи ҷарроҳӣ дар шифохонаи ан-Нур гирифтам. Беморро фавран ба он шифохона интиқол дода, соқи буридаро барои ба бадани кўдак часпондан омода сохтам».Доктор Мирзошариф Одинаев илова карда гуфт: «Ин амалияи ҷарроҳӣ зироати узви бадан (плантатсия) ном дошта, аз дақиқтарин намудҳои ҷарроҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҳолати вазнини кўдак бо вуҷуди хатарнокиаш ва новобаста аз натиҷа иҷрои ҳамин хел як амалияи ҷарроҳии дақиқро тақозо мекард. Амалия 5 соат давом кард. Одатан барои ин қабил амалияҳои дақиқ вақти зиёд меравад. Хушбахтона, амалия бо муваффақият анҷом ёфт, асабҳо ва бофтаҳои талафшуда барқарор карда шуданд. Баъди муддате рагҳои хунгарди соқ дубора ба фаъолият шурўъ карданд ва ба соқи бурида тадриҷан ба ҳаракат даромад. Ҳоло вазъи саломатии бемор рў ба беҳбудӣ оварда, пои худро метавонад ҳаракат диҳад, ки ин далели он аст, ки асабҳо ва давраи хун дар рагҳои соқи часпондашуда ба таври мўътадил кор мекунанд. Акнун кўдак ба амалияҳои ҷарроҳии такмилӣ ниёз дорад, масалан амалияи дароз кардани устухони соқ, ки бар асари талаф ёфтани баъзе асабу бофтаҳо кўтоҳтар шудааст».Мудири шифохонаи ан-Нур д-р Абдунносир Раббоҳӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки ин амалияи ҷарроҳӣ барои барқарор кардани соқи буридаи кўдак аввалин таҷриба дар шифохонаи мост ва он дар сатҳи Яман бесобиқа буда, минбаъд ҷарроҳони яманиро барои иҷрои ин гуна амалияҳои ҷарроҳии дақиқ рўҳбаланд хоҳад кард.Ба туфайли муваффақият дар анҷоми ин амалия беморони маъюб дигар аз бозгардонидани аъзои талафёфтаи бадани худ ноумед нахоҳанд шуд».Мудири шифохона ҳамчунин афзуд: «Амалияи зироати узви бадан (плантатсия) як илму амали мукаммал (комплексӣ) буда, гарчанде асосҳо ва қоидаҳои худро дорад, вале, пеш аз ҳама, маҳорати баланди касбӣ ва ихлосмандиро ба ихтисоси худро талаб мекунад. Он рўз ҳолати вазнини кўдак бо номи Абдуллоҳ, ки бар асари садамаи автомобилӣ соқи пояшро бой дода буд, маҳзун карда буд, вале баъди ташвиқи ҷарроҳи номии тоҷик Мирзошариф Одинаев ман ба иҷрои ин амалияи ниҳоят вазнин ва дақиқ, ки фурсати муваффақият дар он ночиз буд, розигӣ додам. Ин амалия бори дигар ба мо исбот кард, ки доктор Мирзошариф Одинаев дар ҳақиқат ҷарроҳи варзида дар соҳаи ҷарроҳии дақиқ (микрохирургия) ва зироати узвҳои бадан (плантатсия) будааст.Доктор А.Раббоҳӣ дар хотимаи суханаш иброз дошт: «Ин намуд амалияи ҷарроҳӣ пештар як маротиба барои барқарор кардани дасти беморе, ки онро шутур газида аз тан ҷудо карда буд, вале амалия он вақт ба нокомӣ анҷомид. Акнун корномаи доктор аз Тоҷикистон моро минбаъд ба иҷрои ин гуна амалияҳои ҷарроҳии дақиқ ҳавасманд мекунад».Падари кўдак Абдуллоҳ, ки ба натиҷаи ин амалия на чандон бовар мекард, аз шодӣ дар васфи доктор Мирзошариф Одинаев чӣ гуфтанашро намедонист.Дар аввал, мегўяд ў, маро доктор на чандон рўҳбаланд карда гуфт, ки муваффақият дар ин амалия аз 10 то 20% метавонад бошад, вале ҳоло мебинам, ки доктор як кори ниҳоят мушкил ва ношуданиро барои фарзанди ман анҷом додааст. Шукри Худо мекунам, ки ба бахти мо барои ба ҳолати пешинаи худ баргаштани фарзандамон Абдуллоҳ шифохонаи ан-Нур дар вилояти Ибб ва хусусан ҷарроҳ аз Тоҷикистон доктор Мирзошариф Одинаев сабаб гардиданд.(тарҷума аз арабӣ)

Ноябрь 2, 2012 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Кӯдаконро дар тобистон бо чӣ метавон банд кард?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 иншоот сохта мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Ховалинг бахшида ба фаъолияти эҷодии шоир Ҳабибулло Файзулло маҳфили адабӣ доир мешавад
Дар ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд