Коршиносони афғон дар Душанбе
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бо ибтикори Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гурӯҳи коршиносони Афғонистон оид ба безараргардонии минаҳо ба манзури табодули таҷриба ба шаҳри Душанбе омад.Ин чорабиниро раёсати САҲА дар Тоҷикистон тавассути барномаи «Ҳамкории техникии байнисарҳадӣ барои коҳиш додани хавфи модаҳои тарканда» ва Маркази оид ба масоили минаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд. Барномаи сафари коршиносони Афғонистон семинар ва иҷрои корҳо дар шароити саҳроро дар бар мегирад. Чор намояндаи Маркази ҳамгироӣ оид ба масоили минаҳои Афғонистон ва Шӯъбаи безараргардонии минаҳои Раёсати миллии оид ба вазъи фавқулоддаи Афғонистон масъалаҳои марбут ба идораи сифати роҳандозии амалиёт ҷиҳати безараргардонии минаҳо, меъёрҳои фаъолияти миллӣ барои безараргардонии минаҳо, ҳамчунин тарҳрезии амалиёти безараргардонии минаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.Дар ин бора аз Раёсати САҲА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






