Кумитаи заминсозӣ соҳиби бинои нав гардид
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Сарвари давлат ифтитоҳи бинои мазкурро идомаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат хонда, зикр намуд, ки бо мақсади татбиқи нақшаҳои созанда дар ин самт дар арафаи ҷашнҳои давлатии кишвар биноҳои таъйиноти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон кулли кормандони Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии кишварро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави маъмурӣ табрик гуфта, инчунин ба меъморону мутахассисон ва бинокорон барои бунёди чунин иншооти муосиру муҷаҳҳаз изҳори сипос намуд. Пас аз ифтитоҳи бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ Президенти кишвар дар ҳузури намояндагони сохторҳои давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа суханронӣ намуд. Маврид ба зикр аст, ки бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ бо сарфи 12 миллион сомонӣ аз маблағҳои буҷаи давлатӣ, инчунин маблағҳои дохилии Кумита бунёд шудааст. Бинои мазкур бо назардошти санъати меъмории муосир сохта шуда, дорои 90 утоқи корӣ, ошхона бо 120 ҷои нишаст ва толорҳои барҳаво барои гузаронидани машварату ҷаласаҳои корӣ мебошад. Умуман барои фаъолияти пурсамари кормандони Кумита тамоми шароити зарурии замонавӣ муҳайё шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






